Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари дирӯзааш дар ноҳияи Муъминобод, имрӯз, дар рӯзи таваллуди худ, ба шаҳри Кӯлоб рафт.

Хадамоти матбуоти вай хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ширкат мекунад.

Ӯ дар ҷараёни ин сафар бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик оромгоҳи олим ва файласуфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард. Сипас, бинои Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва маросими ба кор шуруъ кардани Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб ширкат кард.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь