Имрӯз, 27-уми сентябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар дод.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардидааст. Президент дар ин ноҳия аввал аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан кардааст. Гуфта мешавад, намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ — намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат аст.

Дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзон аз 9 шаҳру ноҳия, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро пешкаш кардаанд. Дар фестивал беш аз 300 оилаи занбӯр ба намоиш гузошта шудааст.

Ба фестивал 40 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шираи занбӯр ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод шудааст.

Дар 4 гӯшаи дигари намоишгоҳ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни маҳсулоти соҳа, аз қабили картошка, пиёз, каду, меваҳои хушк ва тар, навъҳои гуногуни себ ва дигар намуди сабзавоту полезиҳо, ки дастранҷи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.

Президент дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои  замонавии маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор додааст ва баъди ифтитоҳи иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқот карда, суханронӣ низ кардааст.

Да идома, роҳбари давлат аз ҳоли як гурӯҳ ятими кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ хабар гирифта, ба 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ин ноҳияҳо туҳфаҳои иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ расондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь