Имрӯз, 4-уми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ рафт. Хадамоти матбуоти вай хабар медиҳад, ки мақсад аз ин сафар ифтитоҳи бинову иншооти дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунëдгардида, мулоқоту дидорбинӣ бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад ва дар тарафи чапи иншоот амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад.
Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон аз Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки олмонии рушд пурра таҷдиду навсозӣ ва бо навтарин таҷҳизоти ташхисию табобатӣ таъмин шудааст дидан кард.
Сипас, президент дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”, дар деҳаи Меҳнатобод майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгаштро ифтитоҳ кард.