Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД-ОДКБ) Станислав Зас барои баррасии масоили марзӣ ва пешгирии ҳолатҳо дар сарҳади Афғонистон дар рӯзҳои наздик ба Душанбе хоҳад омад. Инчунин Созмон омодаи ҳама гуна ёрӣ вобаста ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро зикр мекунад. Дар ин бора РИА «Новости» аз қавли котиби матбуотии ниҳод Владимир Зайнетдинов хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи душанбеи 28 июн Тоҷикистон ба СААД дар бораи вазъ дар ҳудуди Афғонистон ба вуқуъпайваста маълумот пешниҳод карда, аммо то ҳол ба таври расмӣ ба ин ниҳод муроҷиат накардааст.
– Дар ҳоли муроҷиати расмӣ тамоми ёриҳои зарурӣ, ба шумули мадади сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ-техникӣ аз тарафи СААД ба Тоҷикистон расонида хоҳанд шуд, – гуфтааст Зайнетдинов.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо Толибон дар гузаргоҳи Шерхон Бандари вилояти ҚундузИ Афғноистон 21 июн 134 нафар тавассути гузаргоҳи Панҷ ва 27 июн 17 тани дигар бо сарҳади Шаҳритус ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд, ки 4 захмӣ ва 1 ҳалокшуда дар байн доранд.
Меҳрофарин Наҷибӣ