Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, мерасонад, ки аз 1-уми сентябри соли равон дар асоси қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 20-уми июли соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Русия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст.
Шаҳрвандон пас аз насби барномаи «Путешествую без COVID-19» дар телефони мобилии худ метавонанд рамзи QR-code-ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ (воқеъ дар Қараболо) дастрас кунанд.
Қаблан барои ворид шудан ба Федератсияи Русия маълумотномаи сироят наёфтан аз коронавирусро дар муҳлати 72 соат аз озмоишгоҳҳо дастрас мекарданд.
Бинобар қоидаҳои нави ворид шудан ба Федератсияи Русия, минбаъд чунин маълумотномаҳо тариқи рамзи QR-code дар телефонҳои мобилӣ (смартфон) ҷойгир кунонида шуда, мавриди истифода қарор мегиранд, ки тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат чунин аст: дар асоси лоиҳаи «Саёҳат бидуни COVID-19» барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар интернет-мағозаҳое, ки дар телефон барномагузорӣ шудааст, барномаи наве бо номи «Путешествую без COVID-19» кушода шудааст. Шаҳрвандон бояд ин барномаро дар телефони дастии худ насб карда, маълумоти заруриро ворид кунанд.
Пас аз ворид кардани маълумот барнома ба шумо маконҳоеро, ки дар он ҷо гирифтани ташхис дар намуди QR-code имконпазир аст, пешниҳод мекунад. Ба воситаи барномаи мазкур макони барои худ мувофиқро интихоб карда, бо шиносномаи хориҷӣ ба он ҷо муроҷиат кунед.
Пас аз гузаштани ташхис тамоми маълумоти заруриро дар шакли рамзи QR-code ба барномаи дар телефон насбшуда бояд ворид кард. Ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия рамзи QR-code-ро аз тариқи телефон ба нафарони масъул бояд нишон дод.