Дар натиҷаи 127 садамаи роҳу нақлиёт тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 61 нафар ба ҳалокат расида, 132 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин бора Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар вилояти Хатлон дар ин давра 126 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуданд, ки маблағи умумии зарар 13 миллиону 122 ҳазору 189 сомониро ташкил дод.
Номбурда илова кард, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназоратии волидон, муноқишаи оилавӣ, гирифторӣ ба бемории руҳӣ 34 нафар дар кӯлу дарёҳои вилоят ғарқ шуданд, ки 18 нафар нисбати соли гузашта зиёд буда, то ҳол ҷасади чор нафар ғарқшуда пайдо нашудааст.
Блоки рекламавӣ