Дар натиҷаи садамаҳое, ки 28-уми июли соли равон дар қисмати шимоли Тоҷикистон, дар водии Зарафшон ба вуқуъ пайваст, ду нафар ҷон доданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 28-уми июл ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Леганзе” Низомов Амиршоҳ соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Гузари Боди ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҷамоати Анзоби ноҳияи мазкур, пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоев Юсуфҷони 7-соларо пахш кардааст. Ноболиғ баъди бардоштани ҷароҳати вазнин дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дигарро шоми 28-уми июл ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Алиев Ораз , соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Панҷакент содир кардааст. Номбуда, пиёдагард Мелиева Гулшан, соли таваллудаш 1946, сокини шаҳри мазкурро, дар ҳудуди ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент зер кардааст, ки дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯйи ҳодиса тадқиқотро оғоз кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь