Дар натиҷаи ба садама дучор шудану оташ гирифтани як мошини ҳомили сӯзишворӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Рӯзи 3-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 21:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “DAF” Қурбонов Қурбоналӣ Саидович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Леваканд, ки дар бордони автомашинаи мазкур 28747 литр сӯзишвории бензин ва 6253-литр сӯзишвории дизелӣ мавҷуд буд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбори калони рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, сӯзишвориҳо ба замин рехта аз шарораи ҳангоми садама ба вуқӯъ омада, сӯхтор ба амал омадааст.

Ронанда, Қурбонов Қ.С. ва мусофираш Қурбонов Қосим Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Леваканд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь