Тоҷикистони навин тавонист дар тӯли си соли даврони истиқлолияти худ озодӣ, оромӣ ва ободии кишварро таҳким бахшида, равобиташро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла  кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо доштани сиёсати дарҳои боз хубтар роҳандозӣ  кунад. Кишвар дар ин 30-соли истиқлол дар миёни кишварҳои ҷаҳон чун ташаббускору созанда эътироф гардид, ки аз хирадманиву ҷасоратмандии роҳбарият ва мардуми он шаҳодат медиҳад.

Дар ин зимн, метавон қайд кард, ки яке аз тавонмандиҳо ва бурдбориҳои қитъаи Осиё дар он аст, ки он бо номҳои ҷуғрофӣ маҳдудтар бо давлатҳои бузургу хӯрд ва бостону қадим тақсимбандӣ шуда, минтақаро зебу зиннат бахшидааст. Минтақашиносону кишваршиносон қитъаи Осиёро дар баробари худ ба ҳудудҳои ҷуғрофӣ ҷудо кардаанд, ки аз Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ иборатанд.

Дар ин пажӯҳиш мо бештар бо масоили минтақаи Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ дода, онро аз нигоҳу назар ва афкори коршиносон мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Зеро бештари аҳолии қораи Осиё дар минтақаи Ҷануби Осиё сукунат дошта, баррасии вазъу геополитикӣ, суботу амният ва ҳамкорӣ ва рушд ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ ва тиҷоратии он бо минтақа,  хусусан Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ мегардад.

Яке аз мушкилоти асосие, ки давлатҳо дар саросари ҷаҳон бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, ин чӣ гуна самаранок мубориза бурдан бо мушкилоти иҷтимоии башарият мебошад. Масоили мазкур дар чаҳорчубаи  муносибатҳои байналмилалӣ (МБ) бештар мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Коршиносону донишмандони бахши МБ онро беҳтар дарк мекунанд, вале мо бештар назарсанҷиҳоро аз нигоҳи коршиносони Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла коршиноси соҳа Инъомулло Марват меоварем, то масоили минтақаро барои беҳтар фаҳмидан ва дарки хонандагон равшанӣ андозем.

Мавриди зикр аст, ки масоили иҷтимоӣ ба он мушкилоте рабт дорад, ки давлатҳо муштаркона дучор буда, дар ҳалли он ҳама онҳо масъулият ва манфиатдоранд. Вале бо камоли таассуф  на ҳама давлатҳо саҳми  худро дар ҳалли ин мушкилот мегузоранд ва лиҳозо адами таваҷҷӯҳ ба он давлатҳоро ба хатар  меоварад.

Ҳамин тавр, метавон қайд кард, ки мушкилоти иҷтимоӣ бархӯрди манфиатҳои коллективии давлатҳо ва манфиатҳои  онҳо мебошад. Намунаҳои онро дар таърихи нав дар саросари ҷаҳон метавон дар ҳамкории  байни давлатҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили тағирёбии иқлим, мушкилоти гурезаҳо дар Аврупо, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, афзоиши мавҷҳои популизм ва  норозигӣ баъзеҳо аз ҷаҳонишавӣ гуфта мешавад.

Коршиносони соҳа масоили  гуногунро баррасӣ карда, қайд кардаанд, ки Осиёи Ҷанубӣ аз мушкилоти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд эмин нестанд. Ҳамин тавр, онҳо ба ин назаранд, ки бо мушкилоти зиёдшавии аҳолӣ, афзоиши мизони маргинализатсияи иқтисодӣ, тағирёбии иқлим ва рақобати дуҷонибаи байни давлатҳо, тамоми минтақа бо мушкилоти зиёди  иҷтимоӣ рӯбарӯ  мебошанд, ки давлатҳои узв бояд дар ҳалли онҳо муштаракона  мубориза баранд.  Дар сурати таъхир дар  ҳалли масоили мазкур онҳоро зарӯр меояд то  баҳои сангине барои он пардохт кунад.

Коршиносони муносибатҳои байналмилалӣ се принсипро пешниҳод мекунанд, ки тавассути онҳо мушкилоти иҷтимоиро метавон ҳал кард, ки  иборатанд аз эҷоди бартарият, ҳамкории дуҷониба ва хештаншиносӣ.

Дар ин зимн,  коршиносони МБ ба ин назаранд, ки «Бартарият» мегӯяд, ки кишварҳои абарқудрат бояд шартҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоиро муайян кунанд. Аз ин рӯ, дар мавриди Осиёи Ҷанубӣ, тибқи ин принсип, кишварҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ тавонманд бояд дар ҳалли мушкилот саҳми худро фаъол созанд.

Ҳамин тариқ, онҳо ба ин андеша ҳастанд, ки бо эҷоди ҳамкории «Муқобила» ё дуҷониба , давлатҳо метавонанд мушкилоти худро тавассути принсипи «Додан ва Гирифтан» ҳал кунанд. Ба ибораи дигар, давлатҳо дар ҳалли ҳама гуна мушкилоти иҷтимоӣ метавонанд ҳамкориҳои кишварҳои узвро ташвиқ кунанд ва давлатҳоро барои набудани ҳамкориҳо боздоранд.

Муҳаққиқони соҳа масоилро баррасӣ карда, қайд менамоянд, ки  бо эҷод ва доштани «Худшиносӣ» давлатҳо метавонанд мушкилоти  худро ҳал намоянд агар онҳо ба дороиву бузургҳои худ таваҷҷӯҳ кунанд, на ба шахсияти худ.

Бояд зикр кард, ки дар 8-уми декабри соли 1985 дар шаҳри Даккаи Бангладеш Ассотсиатсияи ҳамкории минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) барои ҳамгироии беҳтар дар роҳи сулҳ ва шукуфоӣ таъсис дода шуд, ки кишварҳои Афғонистон, Бутан, Бангладеш, Покистон, Ҳиндустон, Молдиф,

Непал ва Шриланка дар он узвият доранд. Аз замони таъсис то ба имрӯз созмони мазкур масоили гуногуни минтақаи  Осиёи Ҷанубиро баррасӣ карда, ҷаласаи доими  худро мегузаронад. Раёсати созмони мазкур дар шаҳри Катмандуи Шриланка қарор дошта, бахши зироат дар Дакка, эгергетия дар Исломобод, фарҳанг дар Колумбия, тиб ва масоили бемории СПИД дар Катманду ва маркази масоили мудирияти ҳолатҳои фавқулода дар Ҳиндустон ҷойгиранд.

Коршиносони Осиёи Ҷанубӣ ба ин назаранд, ки SAARC натавонистааст, ки ҳамаи аъзоёнро дар як саф ҷамъ оварда,  масъалаҳои бисёрсолаи минтақаро  самаранок ҳаллу фасл намоянд.  Дар воқеъ аъзоёни   SAARC аз замони таъсисёбӣ гоҳе бо фишорҳои зиёд ба мисли муноқишаҳои Ҳиндустон ва Покистон ба чашм мерасад, ки  ба назари коршиносони МБ аз сабаби надоштани фаҳмиши муштарак дар бораи рушди оянданигории минтақа сар мезанад.

Мавриди зикр аст, ки нишасти охирини SAARC соли 2014 дар Катмандуи Непал баргузор шуд ва  мебоист мизбони нишасти SAARC дар соли 2016 Покистон бошад. Аммо, кишвари  Ҳиндустон дар пайи амалиёти террористии Ури дар Ҷамму ва Кашмир аз иштирок дар он худдорӣ кард. Кишварҳои аъзо дар соли 2020 тавонистанд 36-ум ҷаласаи худро баргузор намуда, масоили гуногунро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар даврони пайдоиши КОВИД-19 онҳо тавонистанд нишасти онлайни ё маҷозии худро дар моҳи октябри 2020 бо иштироки вазирони маориф баргузор намуда, тавсияҳоро барои рушди маориф ва ҷилавгирӣ аз бемории сироятӣ пешниҳод карданд.

Ҳамин тавр, кишвари Покистон пешниҳод намудааст, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ нишасти SAARC  барои коҳиш  бӯҳрони Афғонистон ва ироаи кӯмаки башардӯстона ба мардуми азияткашидаи он ҷаласа баргузор гардад. Лиҳозо он кишвар   саҳми Ҳиндустонро дар  саммити дарпешистодаи SAARC истиқбол  менамояд.

Бояд зикр кард, ки ба назари коршиносон  саммити SAARC  талаботи замон буда,  тавассути он масоили  Осиёи Ҷанубӣ дар шакли  беҳтарин платформа ҳаллу фасл ёфта, натиҷагирӣ ва тавсияву пешниҳодҳо метавонад барои ҳамкории минтақавӣ, фаъолияти иқтисодии минтақавӣ ва тиҷорати минтақавӣ самаранок истифода шавад.

Лиҳозо ҳамаи кишварҳои аъзо,  аз ҷумла  Ҳиндустону Покистон бояд дар бораи ояндаи беҳтари Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи бештар карда, аз принсипҳои дар болоовардашуда истифода карда, барои пешрафт ва рушди тиҷорат, саноат ва иқтисоди минтақа, ҳамкори бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  муштарак чун ду неруи созанда, тавоно ва нақшофарин кӯмак намоянд.

Таҳияи Мирсаид Раҳмонов,

коршиноси масоили Осиёи Ҷанубии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Манобеъ:

  1. https://nation.com.pk/13-Jan-2022/reinvigorating-saarc
  2. https://www.saarc-sec.org/index.php/media-centre/press-releases
  3. https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/869-arzish-oi-minta-avii-osijoi-anub-va-a-amiyati-amkori-oi-strategii-on-bo-osijoi-mijona

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here