Имрӯз соати 6-и субҳ 6 анбори нигаҳдории масолеҳи сохтмонии назди бозори Баракат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба коми оташ рафтааст.
Дар ин бора tajikistantimesнавишта хабар дод, ки бино ба гуфти сардори нуқтаи таъминоти РХДО-и вилояти Суғд майори хизмати дохилӣ Султон Исломов масоҳати умумии сухтор 900 метри мураббаъро ташкил додааст.
– Соати 5:57 дақиқа ба мо занги телефонии посбони анборҳо шуд, ки сӯхтор сар задааст. Тамоми гурӯҳҳо ва бо 10 мошини сӯхторхомушкунӣ ва дигар нақлиёти ёрирасон барои обкашонӣ ҷалб шуданд, ки дар давоми 1 соату 10 дақиқа оташ пурра хомуш карда шуд, – гуфтааст Султон Исломов.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор дар анборҳое ба чуҷуд омадааст, ки аслан масолеҳи сохтмонӣ нигаҳодорӣ шуда, бештари ин анборҳо ба тоҷирони истаравшанӣ марбут будааст.
Сабабҳои оташсӯзӣ расман эълон нашудааст, аммо ҳадс зада мешавад, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ аз асбобҳои маишӣ ба вуҷуд омадааст ва хисороти он наздики 3 миллион сомонӣ тахмин карда мешавад.