Паҳншавии босуръати вируси ошкоршуда коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдоштро (СҶБ) нигарон кардааст.

Мақомоти беҳдошт дар саросари ҷаҳон дар ҷустуҷӯи ваксинаҳои таҷрибавӣ ҳастанд, то аз вируси Марбург, ки 13-уми феврал дар Гвинеяи Экваториалӣ муайян шудааст, муҳофизат кунанд. Вирус бо Эбола алоқаманд аст ва аломатҳои шабеҳи табларзаи хунрезидоштаро ба вуҷуд меорад.

СҶБ умедвор аст, ки вирус паҳн намешавад. Муҳим саривақт дар минтақаҳое, ки вирус сар задааст, қойидаҳои қарантин ҷорӣ карда шаванд. Қайд карда мешавад, ки авҷ дар шимоли Гвинеяи Экваториалӣ, дар музофоти Куи Нтем, ки бо Камерун ва Габон ҳаммарз аст, рух додааст. 25 нафар сироят ёфта, 9 нафар фавтиданд.

Марбург яке аз вирусҳои хатарноктарин дар ҷаҳон аст. Он бори аввал дар соли 1967 сабт шудааст. Ин сироят тавассути тамоси ҷисмонӣ бо хун, оби даҳон ё дигар узвҳо, моеъҳои бадан, инчунин тавассути тамос бо сатҳи олудашуда ба монанди либос ё кати хоб ба одамон мегузарад.

Давраи инкубатсионӣ метавонад аз 2 то 21 рӯз бошад. Беморӣ ногаҳон пайдо мешавад. Аломатҳояш табларзаи баланд, дарди сар ва дарди мушакҳо, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, испазм, қайкунӣ ва хастагӣ мебошанд.

Дар рӯзи панҷум ё ҳафтум, метавонад хунравӣ ба амал ояд, системаи марказии асаб осеб бинад. Марг одатан пас аз ҳашт то нӯҳ рӯз рух медиҳад. Барои Марбург ягон ваксина ё дору ба қайд гирифта нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь