Бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии пасандоз» ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” бо мақсади тарғиби ҷамъкунии пасандозҳо ва нигоҳ доштани он дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ чанд чорабинӣ доир кард.

Солҳои гузашта чорабиниҳои мазкур бештар дар шаҳрҳои калон гузаронида мешуданд.Соли ҷорӣ бошад,  ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” бо мақсади ҳарчӣ оммавӣ  ҷашн гирифтани «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз» ҷуғрофияи гузаронидани чорабиниҳоро васеъ намуда, ноҳияҳои дурдаст ва якчанд шаҳрҳои калонро низ фаро гирифт.

Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Панҷакент, Ёвонва ноҳияҳои Ҷ.Расулов ва Зафаробод санаи 29 октябр ҳангоми кушодани амонат барои кӯдакон “Фарзанди бомуваффақ” ба амонатгузорони хурди Ташкилот тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.  Дар ин чорабинӣ ҳамагӣ ба беш аз 100 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ба навзодоне, ки санаи 31 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Истаравшан, Конибодом, Кулоб, Панчакент ва ноҳияи Данғара таваллуд гардиданд, сертификатҳои пулӣ бо арзиши 100 сомонӣ барои кушодани амонат ба номи кӯдакон супорида шуданд, ки ин амал барои дар оянда мунтазам пур кардани ҳисоби он ва ба ин васила омода намудани таҳкурсии хуби молиявӣ барои ояндаи кӯдакон таъсирбахш хоҳад буд. Ҳамагӣ дар ин чорабинӣ ба беш аз 50 нафар навзодон сертификатҳои амонатӣ тақдим карда шуданд.

Дар сомонаи расмии Ташкилот ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Чӣ гуна орзуи худро амалӣ намуд” байни хонандагони синфҳои 9-11 дар шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ эълон гардида, ба 3 нафар ҷоизадорон сертификатҳои амонатӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, 700 сомонӣ ва 500 сомонӣ супорида хоҳад шуд. Ин ташаббус имкон медиҳад, саводнокии молиявии хонандагони болаёқат баланд карда шавад. Мукофотпулӣ бошад, ҳамчун саҳми хуби Ташкилот дар таҳсили ояндаи онҳо хоҳад гардид. Ҳамагӣ ба унвонии Ташкилот беш аз 150 адад иншоҳо равона карда шуданд.

Инчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Ҷ.Расулов озмуни “Расми беҳтарин дар рӯи асфалт” дар мавзӯи “Пасандоз ба мо чӣ медиҳад?” дар байни талабагони синфҳои 3-7 гузаронида шуд. Мақсади ин озмун таҳким бахшидани саводнокии молиявӣ ва пайдо гардидани тасаввурот оиди пасандозҳо дар байни толибилмони хурди кишвар буд. Ҳамагӣ дар ин озмун беш аз 100 нафар толибилмон иштирок намуданд. Ба 3 нафар ҷоизадорон аз ҳар минтақа тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Чорабиниҳои гузаронидашуда бо мақсади тарғиби ҳарчи бештари “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба ҷамъ намудани пасандоз дар саҳифаҳои расмии Ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пурра фаро гирифта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь