Ораши хурдакак, ки имсол ба синфи якум рафт, ҳамроҳи бобояш шеъри машҳури “То ҷаҳон буд аз сари одам фароз”-ро, ки нав аз бар карда буд, такроркунон ҷониби мактаб мерафт, то ба муаллимашу ҳамдарсонаш қироат кунад.

Субҳи барвақт даҳҳо нафар ҳамроҳи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо гулу гулдастаҳо ба боғи назди осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносӣ, ки номи устод Рӯдакиро дорад ва муҷассамаи шоир онҷост, омаданд. Пояи муҷассамаи шоир ин субҳ гулборону шеърборон буд.

Воқеан, раиси шаҳр ба шеъру адаб таваҷҷуҳи хоса дорад ва маъракаҳои ба ифтихори Рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ баргузоршуда маҳфил шеър ҳам буд ва ин мушоираро маҳз ӯ  ҳусни оғоз мебахшид.

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки аҳли зиё, фаъолони  шаҳр ва ҳаводорони  зиёди ашъори безаволи ӯ дар зодгоҳи шоир, дар Панҷрӯд, идома ёфт.  Ин ҷо ҳар сол дар рӯзи бузургдошти  устод омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки аҳли зиё ва ҳамдиёрони шоир ҳамоиши илмию фарҳангӣ бо пешниҳоди  маърӯзаю гузоришҳо дар бораи ҳунари шоирии устод Рӯдакӣ, қироати шеъри устод, сурудҳо бар ашъораш баргузор мекунанд.  Ғазалу қасоид, рубоию дубайтиҳои  устод имрӯз  дар пояи кӯҳи Булбулон, оромгоҳ ва  муҷассамаи шоир таниндоз гашт ва хаёлам рӯҳи Одамушшуаро аз ин арҷгузории ҳамдиёрон меболид.

Месазад, ки дар Рӯзи Рӯдакӣ аҳли зиёи кишвар ҳамасола ин ҷо ҷамъ оянд, маҳфилу озмуни рӯдакихонӣ ороянд ва дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори устод маърӯзаю гузоишҳо ироа намоянд.

Дар толори коллеҷи омӯзгории шаҳр низ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили шеър бо иштироки раиси шаҳр ва устодону донишҷӯён гарм буд. Маърӯзаю гузоришҳои муҳаққиқон дар бораи таҳқиқи аҳволу осори устод Рӯдакӣ, корбурди санъати шеър дар осори устод хонда шуданд ва қироати шеъри оламгири қофиласолори назми форсӣ-тоҷикӣ шунида шуд. Ҳамин гуна маҳфилҳо дар  осорхона, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷараён доштанд ва ҳама ҷо шеъри устод вирди забонҳо буд.

Шом толори  Кохи фарҳанги шаҳр аз ҳаводорону дӯстдорони ашъори ноби устод Рӯдакӣ лаболаб буд. Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳамдиёронро бо Рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ муборакбод гуфт ва таъкид кард, ки арҷгузорӣ ба гузаштагони барӯманди миллат, ки устод Рӯдакӣ дар саромади он қарор дорад, дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад.

Санъаткорони шаҳр дар саҳна тамсилаи маҳфили шеъру сурудро дар дарбори Сомониён таҳия карда, пешкаши ҳамдиёрон ва меҳмонони шаҳр намуданд. Ин ҷо устод Рӯдакӣ шеър мехонду ҳофизон аз ашъори ӯ месуруданд ва гулдухтарон дар ҳавои  он мерақсиданду шеър мехонданд.

Соҳибкорони шаҳр низ аз таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар канор набуданд. Ба истифода додани коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, адорасбофӣ, маркази савдо, оғози мумфаршкунии кӯчаҳои деҳаҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Сӯҷина  низ дар ҳавои шеъри оламшумули устод Рӯдакӣ сурат гирифт.

Рӯзи Рӯдакӣ ҳарчанд дар тақвими идҳо як рӯз аст, вале бо ин рӯз хотима намеёбад. Ашъори Рӯдакиро, ки мояи ифтихори миллат аст, ҳамарӯза ва ҳамакаса  бояд хонду азбар кард.

Т. Солеҳзода,

Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь