Соле қабл Кумитаи забон ва истилоҳот аз пешниҳоди тарҳи тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ барои баррасӣ ба ҳукумат хабар дода буд, аммо бо гузашти як сол аз натиҷаи ин пешниҳод хабаре нашуда.

Раиси Кумитаи забон Муҳаммадҷонзода Олимҷон 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ба суоли оне, ки натиҷаи пешниҳодӣ мазкур чӣ шуд, чунин ҷавоб дод:

– Пешниҳоди мазкур аз ҷониби дигар мақомоти кишвар пешниҳод шуда буд ва гурӯҳҳои корӣ дар онҷо фаъолият доштанд, вале, мутаассифона, он чиз нагузашт. Рутбаҳо дар ҳамон шакле, ки пештар дар қонунгузорӣ қабул шуда буд боқӣ монд. Барои дигар кардани номҳои рутбаҳои низомӣ хулосаи кумита чанд сол қабл гирифта  шудааст.

Дар ин баробар Муҳаммадҷонзода қайд кард, ки дар ҳолати пайдо шудани имконият эҳтимол аст, номгӯи рутбаҳо дигар шаванд, вале кай мешавад, номаълум аст.

“Бо пайдо шудани шароит ва имкониятҳо мумкин аст, ки номгӯи рутбаҳо дигар карда шаванд”, – гуфт Муҳаммадҷонзода Обидҷон.

Мавзӯи тарҷумаи рутбаҳо чандин маротиба дар расонаҳо нашр шудааст. Соли 2018 Кумитаи забон бо мактуб аз Вазорати мудофиа хосторӣ баргардонидани рутбаҳо ба забони тоҷикӣ шуда буд, аммо вазорат дар мактуби ҷавобӣ ин пешниҳодро рад карда буд.

19-уми феврали соли 2021 вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии худ набудани зарурат барои тарҷумаи рутбаҳоро қайд карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь