Имрӯз, 2 май, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти FIFA Ҷанни Инфантинно мулоқот кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

“Дар мулоқоти гарму дӯстона раисони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд”, менависад сомонаи ФФТ.

Манбаъ меафзояд, ки президенти FIFA ба президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдомҳое, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно кардааст.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон Президенти FIFA бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, низ суҳбат хоҳад кард. Ҳамчунин, Ҷаннӣ Инфантинно дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат мекунад, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи чаҳорсолаи нав сурат мегирад.

Давлат Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь