Дар Митичии наздикии Маскав як корманди тарабхонаи гурҷӣ дар ҷараёни муноқиша як корманди дигари ин муассисаро бо корд захмӣ кардааст, хабар медиҳад news.ru.

Мард мудири қаҳвахона будааст, то омадани ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Корманди қаҳвахона ҳангоми муноқиша ба директори муассиса ба ӯ захмҳои марговар расондааст.

Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна як мард занро латукӯб карда, ӯро ба маҳалле мекашад, ки ба дурбини мадорбаста намеафтад. Баъдан онҳо дубора дар навор пайдо мешаванд ва зан ба рақибаш бо корд чанд зарба мезанад. Мард чанд қадам ба қафо мегузорад ва меафтад.

Ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар қаҳвахонаи “Хинкалная Тбилисо” рух додааст. Пас аз чанд соат полис гумонбарро боздошт кард, ки вай зани 36-сола аз Тоҷикистон будааст. Ин зан гуфтааст, ки корфармо нисбаташ бадрафторӣ кардааст ва ӯ барои дифоъ аз шаъну шарафаш ба ин кор даст задааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь