Мақомоти Русия метавонанд, то охири соли 2024 мавҷи нави сафарбаркунӣ ба хатти ҷабҳа, яне басеч, эълон кунанд. Дар ин бора се манбаи наздик ба Кремл ва Вазорати дифои Русия ба Bloomberg хабар доданд.

Ба гуфтаи агентӣ, талафот дар хати фронт сари вақт пур карда намешавад. Талафот ба баландтарин сатҳи худ аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 расидааст.

Ҳамсуҳбатони оҷонсӣ мегӯянд, бо вуҷуди афзоиши маоши сарбозони қарордодӣ, минтақаҳои Федератсияи Русия беш аз сеяки квотаҳои даъвати худро иҷро намекунанд.

Русия садҳо ҳазор сарбозро дар хатти ҷабҳа дар шарқ ва ҷануби Украина, ки дар онҷо ҷангҳо ба таври умдатан мутаваққиф шудаанд, дорад, аммо нокомии артиши Русия дар дафъи ҳамлаи Украина дар минтақаи Курск ва дубора ба даст овардани назорати марз камбуди захираҳои дифоъиро ошкор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мавҷи аввали сафарбаркунӣ дар Русия нимаи моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда буд. Сипас, президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки танҳо шаҳрвандоне, ки дар неруҳои эҳтиётӣ буданд ва пеш аз ҳама, онҳое, ки дар қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, даъват хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь