Гуруҳи сенаторҳо ва вакилони Русия лоиҳаи қонунро дар бораи аз руйхати ташкилоти мамнуъшудаи ин кишвар муваққат берун кардани созмонҳои байналмилалилӣ, ки ҳаракати Толибон (дар Тоҷикистон мамнуъ) ба он шомил аст, ба муҳокимаи ҳамкасбони худ пешниҳод карданд.

Тибқи ин санад, мақомот имкон пайдо мекунанд, ки мақоми созмони террористиро “ба таври муваққатӣ мутаваққиф кунанд”, агар он “фаъолиятҳои таблиғ, сафедкунӣ ва дастгирии терроризмро қатъ кунад”. Додгоҳ метавонад бар асоси аризаи Додситонии кулл дар бораи хориҷ шудан аз рӯйхати “террористҳо” қарор қабул кунад. Дар баррасии даъво иштирок кардан аз худи намояндагони созмонҳо ҳатмӣ нест.

Як рӯз пештар, 25-уми ноябр, дар бораи музокироти Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия ва Абдулғанӣ Барадар Охунд, муовини нахуствазири Афғонистон дар Кобул хабар дода шуд.

Шойгу “аз нияти Русия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Афғонистон эълом карда, ба нақшаҳои хориҷ кардани Толибон аз рӯйхати сиёҳ барои таҳкими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ишора кард”. Дар навбати худ Охунд изҳори омодагии кишварашро барои «таҳкими долони иқтисодии Шимолу Ҷануб ва ҳамчунин нақши калидӣ бозидан дар робитаҳои иқтисодии минтақа» эълом кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь