Дар Русия шумораи одамоне, ки аз коронавирус сироят ёфтаанд, дар як рӯз 1 ҳазору 459 нафар афзуда, ба 10 ҳазору 131 нафар расид.
Мувофиқи маълумоти ОИР “Новости” дар Русия, дар муддати як рӯз дар 50 минтақаи кишвар 1 ҳазору 459 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
“Дар давоми як рӯзи охир дар Русия ҳодисаҳои сирояти коронавируси COVID-19, ба 1 ҳазору 459 нафар афзуда, дар 50 минтақа тасдиқ карда шуд”, – гуфта шудааст дар гузориши Вазорати тандурустии кишвар.
Инчунин, мувофиқи маълумотҳо то имрӯз дар Русия ҳамагӣ 10 ҳазору 131 ҳолати сирояти коронавирус дар 81 минтақа ба қайд гирифта шудааст.
Блоки рекламавӣ