Владимир Путин, президенти Русия, муҳлати қонунигардони иқомати шаҳрвандони хориҷие, ки қонунҳои муҳоҷиратро нақз кардаанд, то 10-уми сентябр тамдид кард.
Касоне, ки то таърихи мушаххасшуда ин корро анҷом намедиҳанд, бояд ин кишварро тарк кунанд. Фармони марбутаи раҳбари ин давлат дар портали аъмоли ҳуқуқӣ мунташир шуд.
Сухан дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие меравад, ки ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта, ки дар ин кишвар аз 5-уми феврал оғоз гардид, дохил карда шудаанд.
Дар ибтидо дар ин фармон пешбинӣ шуда буд, ки онҳо то 30-юми апрел бояд будубоши худро қонунӣ кунанд, ё аз кишвар хориҷ шаванд. Ҳоло барои қонунӣ кардани мақоми худ муҳоҷирон тақрибан 4,5 моҳ вақт доранд.
Қаблан, дар моҳи март, Владимир Колоколтсев, раиси ВКД Русия, изҳор карда буд, ки 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки барои будубош дар Русия заминаи қонунӣ надоранд, ба феҳристи афроди таҳти назорат шомил шудаанд. Ин рӯйхат пайваста бо номҳои нав пурра карда мешавад.
Агар хориҷиён ба ин феҳрист дохил карда шаванд, онҳо ба таври худкор ба «режими депортатсия» шомил мешаванд ва ҳуқуқҳои онҳо хеле маҳдуд карда мешаванд. Ба онҳо қайд ба сифати шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, харидани амволи ғайриманқул ва нақлиёт, рондани воситаҳои нақлиёт, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ манъ аст. Ба ин гуна шахсон никоҳ кардан ҳам манъ аст.
Он муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ иқомат доранду баъди ин будубоши худро қонунӣ мекунанд, аз ин феҳрист хориҷ карда шуда, ҳуқуқҳояшон барқарор мешавад. Инчунин, шаҳрванди хориҷӣ дар сурати ихтиёран ё маҷбурӣ аз кишвар рафтан аз ин феҳрист хориҷ карда мешавад (дар он вақт «режими депортатся» низ қатъ мешавад).