Комиссияи сиёсати муҳоҷирати Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки уҳдадории аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ пас аз як соли ворид шудан дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шавад. Тавре ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора раиси комиссия, муовини раиси парлумон Ирина Яровая хабар додааст.

“Мо дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар кардани уҳдадории аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷиро пас аз як соли вуруд пешниҳод мекунем”, – иброз доштааст Яровая дар ҷаласаи комиссия.

Вакили парлумон таъкид доштааст, ки низоми баҳисобгирии байниидоравӣ бо мақсади ҳалли як вазифаи муҳими дигар – назорат аз болои будубош ва ихроҷ, ба мақомоти корҳои дохилӣ имкони дастрасӣ ба иттилооти заруриро фароҳам хоҳад овард.

Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ изҳор дошта буд, ки Дума дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия меоянд, ташаббусҳои қонунгузорӣ омода мекунад. Ӯ хотиррасон кардааст, ки ҳамчунин дар Думаи давлатӣ дар мавриди танзими муҳоҷирати корӣ ва вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба Русия аз ҳукумат пешниҳодҳоро мунтазиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь