Дар Русия қасд доранд муҳоҷирони кории ихроҷшударо баргардонанд, то мушкили шадиди камбуди коргарон дар сохтмонҳо ва хоҷагии манзилию коммуналиро ҳал кунанд.

Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия мебошад. Тахмин карда мешавад, танҳо онҳое, ки «ба касе зарар нарасондаанд» баргардонда мешаванд. Дар бораи баррасии ин масъала вакили Думаи давлатӣ Владимир Ресин низ сухан гуфтааст.

Дар Русия яке аз чораҳои муҷозоти маъмурӣ барои хориҷиён ихроҷ аст. Ин тадбир аз берун кардани маҷбурии шаҳрванди хориҷӣ аз сарҳади давлатии Федератсияи Русия иборат аст. Чунин чора нисбати хориҷиёне татбиқ мешавад, ки меъёрҳои қонунгузории Русияро вайрон кардаанд. Масалан, барои анҷом додани фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои бардурӯғ, ё додани маълумоти бардурӯғ, вайрон кардани шартҳои будубош.

Моҳҳои ахир борҳо дар бораи камбуди нерӯи корӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Русия, ҳатто бо назардошти афзоиши муҳоҷират, гузориш шудааст. Танҳо дар сохтмонҳои буҷетии Маскав 7-8 ҳазор нафар коргар намерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь