Тибқи омори ахире, ки Вазорати корҳои дохилии Русия додааст, соли равон шумораи ҷинояткорӣ дар Русия аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 6% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар афзоиши ҷиноятҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Русия 24700 ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2020-ум 5,9% зиёдтар аст”, – иттилоъ додааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки аксари вақт қонунро дар қаламрави Русия меҳмонон аз кишварҳои ИДМ риоя намекунанд.
Аз ҷумла, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ 19,2 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки 8% коҳишро нишон медиҳад, аммо ҳиссаи онҳо дар умум 77,8%-ро ташкил додааст. Шумораи амалҳои ғайриқонунӣ нисбати хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ 1,1% кам шуда, ба 10,3 ҳазор расидааст.
Русия: Назорат ҷиддӣ мешавад
Тайи чанд вақти ахир низ мушоҳида мешавад, ки дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабари муноқишаҳои гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия зиёд чарх мезанад. Мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони корие, ки дар муноқишаҳои гурӯҳӣ ширкат мекунанд, маҳдудиятҳои наверо ҷорӣ намудааст, ки мувофиқи он муҳоҷирон наметавонанд солиёни зиёд вориди ин кишвар шаванд.
Дар муноқишаи гурӯҳие, ки шаби 11-уми июл миёни муҳоҷирон назди истгоҳи метрои Кузминкаи шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваста буд, мақомоти Русия беш аз 100 муҳоҷиреро, ки дар ин занозанӣ ширкат доштанд, барои 40 сол аз ҳаққи ворид шудан ба ин кишвар маҳрум карданд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, ин муҳоҷирон шаҳрвандони Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон буданд.
Вобаста ба чунин вазъ, Вазорати корҳои дохилии Русия ба муҳоҷирон чунин ҳушдор дод: “Он шаҳрвандони хориҷие, ки дар занозаниҳои гуруҳӣ иштирок мекунанд, натанҳо аз Русия берун, балки вурудашон ба Русия манъ хоҳад шуд”.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, чанд вақти охир ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст. Чунин ҳолатҳо дар Маскаву Санкт-Петербург, Амурск, Свердловск ва Ҷумҳурии Доғистон сабт шуданд. Баъзе ин ҷанҷолҳо нисбати намояндагони мақомот низ сурат гирифтааст. Ҳамчунин иштирокдорони занозаниҳо роҳҳоро баста, ба иншооти шаҳрӣ зарар расондаанд.
Чанде қабл раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин низ ваъда дода буд, ки назорат аз болои муҳоҷирони қонуншикан пурзӯр хоҳад шуд.
Ӯ 28-уми августи соли равон, дар блоги шахсии худ зикр кардааст , ки ахиран якчанд ҳодисаҳои қонуншикании ҷиддӣ ва ҷанҷолҳои гурӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Ин тавр намешавад. Аз чунин меҳмонон хурсанд нестем. Аз ин рӯ, мақомоти полис моҳҳои ахир рейдҳои ҷиддӣ гузаронид. 800 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳудуди 200 нафар ихроҷ шудаанд ва ба 17,5 ҳазор нафар вуруд ба кишвар манъ шуд”, – изҳор доштааст раиси шаҳри Маскав.
Ӯ таъкид доштааст, ки барои баъзеҳо ин метавонад аз ҳад зиёд ба назар расад, аммо минбаъд низ чунин назорат боқӣ хоҳад монад. Раиси шаҳри Маскав аз меҳмонони пойтахти Русия даъват кардааст, ки ба таври дурусту шоиста рафтор кунанд.
Омили чунин муноқишаҳо чист?
Омилҳои чунин ҷанҷолҳои оммавии муҳоҷиронро коршиносон гуногун арзёбӣ мекунанд. Бархе аз онҳо ба COVID-19 ва бархеи дигар чунин амалҳоро ба он рабт медиҳанд, ки муҳоҷирон қурбонии тақсимоти ноодилонаи кор дар бозорҳои маҳаллии Русия мешаванд.
Дмитрий Медведев муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қаблан гуфта буд, ки аз оне, ки дар даврони пандемия зиёде аз муҳоҷирон дар ин кишвар монданд ва ба кишварҳои худ рафта натавонистанд, имкон дорад, ки ҷинояткорӣ дар Русия афзоиш ёбад.
“Русия то ҳол шаҳрвандони зиёди хориҷие дорад, ки бар асари пандемия ҷои корро аз даст додаанд ва имкони бозгашт ба ватанашон ғайриимкон аст. Ин албатта, метавонад ба афзоиши ҷинояткорӣ дар соҳаҳои мухталиф – аз қаллобии хурд то ҷиноятҳои вазнин мусоидат кунад”, – гуфта буд ҷаноби Медведев.
Вале Раҳмон Улмасов коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, оморҳое, ки гӯё шумораи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон меафзояд, асоси воқеӣ надоранд.
“Он чи эълон карданд ва гӯё ки миёни муҳоҷирон муноқишаҳо зиёд шуд ва ҷиноят миёни онҳо меафзояд, ин асоси воқеӣ надорад. Чунки ВКД-и Русия қаблан маълумот дод, ки дар нимсолаи соли 2021 миёни муҳоҷирони ИДМ ҳамагӣ 6% ҷинояткорӣ кам гардидааст”,-мегӯяд коршинос.
Ин коршинос ба муноқишаҳое, ки миёни муҳоҷирони корӣ сурат мегирад, корфармоёнро айбдор медонад ва мегӯяд, ки маблағ бояд барои ҳамаи муҳоҷирон якхела пешниҳод шавад.
– Дигар ин ки дар Русия аз пашша фил сохта истодаанд. Айни замон миёни корфармоён барои ҷалби муҳоҷирони корӣ мубориза рафта истодааст, ки ба як қисм пули зиёд пешниҳод мекунанд, ба қисми дигараш кам ва ин боиси сар задани занонӣ миёни муҳоҷирон мегардад. Барои ҳамин яке аз сабабҳои чунин муноқишаҳо худи корфармоён ба ҳисоб мераванд, на ин ки муҳоҷирони корӣ,-илова намуд Улмасов.
Каримҷон Ёров ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия низ мегӯяд, ки ин нишондодҳо баҳонае беш нест, чун полиси Русия барои бисёртар маблағ ба даст овардан ва обрӯи афтидаи худро баланд бардоштан ва нишон додан, ки онҳо воҳиди заруртаринанд, чунин вонамуд мекунанд.
“Ҳоло роҳи осони раҳо шудан аз муҳоҷиронро меҷӯянд, хусусан аз муҳоҷироне, ки ҳуқуқҳои худро муҳофизат мекунанд. Онҳо ба ин восита аз муҳоҷирон пора талаб мекунанд. Тасмиме, ки мақомот барои иштирок дар муноқишаҳои гурӯҳии муҳоҷирон гирифт, ки тибқи он 40 сол ворид ба кишвари Русия манъ мешавад, ин тасмим барои гирифтани пора аз муҳоҷирон мусоидат мекунанд, ки онҳо истимор шаванд”, – мегӯяд коршинос.
Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ваќти ављи пандемї муҳоҷирон қариб, ки ҷиноят содир накарданд: “маълум шуд, ки ин қадар азоби муҳоҷирон полис гунаҳгор аст. Чунки дар вақти пандемия муҳоҷирон ҳуҷҷат ҳам намекарданд”.
Ҳушдор ба муҳоҷирони тоҷик
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардаааст, ки дар қаламрави Русия аз муноқишаҳои гурӯҳӣ худдорӣ намоянд ва дар сурати пеш омадани мушкилот ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат намоянд.
Ин ниҳод иттилоъ додааст, ки барои пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, муноқишаҳои байни муҳоҷирон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мулоқоту вохӯриҳоро бо шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳру вилоятҳои Русия ба роҳ мондааст.
Инчунин манбаъ зикр кардааст, ки дар Русия шаҳрвандон тартиби иқомат ва барасмиятдарории будубошро бояд риоя намоянд.
“Зарур аст, ки дар ҳолатҳои ар задани муноқиша, риоя нагардидани ҳуқуқу манфиатҳо ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрванд даст ба муноқишаи гурӯҳӣ назада, балки ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ ба мақомотҳои дахлдори Русия ва ё ба мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат намоянд”, – қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон илова кардааст, ки тибқи муқаррароти кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ шаҳрвандоне, ки дар муноқишаҳои гуруҳӣ иштирок менамоянд ва ё ба таври гурӯҳи тартиботи ҷамъиятиро риоя намекунанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии Русия нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, вуруди онҳо ба муҳлатҳои тулонӣ ба Русия манъ карда мешавад.
Коршиносон бар онанад, ки барои гирифтани сади роҳи чунин амалҳо пеш аз ҳама бояд корфармоёни Русия бо муҳоҷирон қонунан корро ба роҳ монанд.
Раҳмон Улмасов чунин гуфт: “Барои он ки чунин нофаҳмиҳо миёни муҳоҷирон сар назанад, бояд корфармоён аз рӯи қонун кор кунанад ва бо онҳо ба мувофиқа расанд ва шарнома банданд. Маблағеро, ки барои онҳо пешбинӣ кардаанд, қаблан эълон кунанд, ки ҳамин қадар маблағ на ин ки пинҳонӣ ба дигаре маблағи дигарро диҳанд”.
Коршносони соҳа мегӯянд барои коҳиш додани чунин муноқишаҳо миёни муҳоҷирон бояд мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ короо ҷонноктар кунанд, то ин ки барои худи муҳоҷирон низ дар оянда мушкилие пеш наояд.
Фарзонаи Умаралӣ
Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ “Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.