Оё чунин тасмим дар ояндаи назик имконпазир аст?

Русия тасмим дорад, ки аз истифодаи неруи муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо на танҳо дар Маскав, балки дар саросари кишвараш, даст кашад. Ин кишвар дар сохтмонҳо ва дигар соҳаҳо бидуни хориҷиҳо корро ба роҳ монданист.

1-уми ноябр ҳукумати Русия эълон дошт, ки аз неруи муҳоҷирони корӣ дар Маскав даст мекашад, вале чанд рӯз баъди он чунин пешниҳодҳое низ шуданд, ки натанҳо дар пойтахт, балки дар тамоми минтақаҳояш дар соҳаҳои гуногун аз хоириҷиён даст кашад ва коргарони маҳаллии худро ба кор таъмин кунад.

Дар ин маврид Сергей Миронов сиёсатшиноси рус чунин пешниҳод намудааст: “Мо пешниҳод менамоем, ки дар ҳама минтақаҳо ва соҳаҳо: кишоварзӣ, савдои чакана, ҳамлу нақл ва ғайра низ ҳамин шева амалӣ карда шавад. Ин аксиома аст: ҳар қадар зудтар маош зиёд шавад, саноат ҳамон қадар бештар рушд мекунад”,- иттилоъ медиҳад хабаргузории “РИА Новости”,

Ҳукумати Маскав нақшаи даст кашидан аз истифодаи муҳоҷиронро дар сохтмонҳо омода хоҳанд кард, аммо дар ҳоли ҳозир нарасидани захираҳои корӣ дар майдонҳо 40% арзёбӣ мешавад.

Русия тасмим дорад, ки дар сохтмонҳо ва дигар соҳаҳо шумораи коргаронро коҳиш диҳад, вале дар ин миён музди маошро то се баробар баланд бардорад. Сабаби чунин тасмимро Ҳукумати Русия пеш аз ҳама ба суръати баланди сохтмон дар чаҳорчӯби барномаи бозсозӣ дар минтақа марбут медонад.

Вале коршиносони тоҷик мегӯянд, чунин тасмим дар натиҷаи он бетартибиҳои гурӯҳие, ки дар Маскав аз ҷониби муҳоҷирон сурат гирифт, Русияро водор кард, ки қувваи кории худро ба кор ҷалб кунад. Ва ҳамзамон ҷалби неруи кории худ аз нигоҳи амниятӣ барои онҳо роҳаттар аст.

Айни ҳол дар пойтахти Русия коргарон ва муҳандисон дар сохтмонҳо кофӣ нестанд ва дар сохтмонҳои Маскав тақрибан 80 ҳазор нафар намерасанд. Ҳукумати шаҳри Маскав иттилоъ медиҳад, ки бисёре аз муҳоҷироне, ки дар Маскав кор мекарданд, дар давраи пандемия рафтанд – аз 120 ҳазор нафар танҳо 40 ҳазор нафар боқӣ мондаанд.

Агар қаблан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон фаъолона ворид мешуданд, ҳоло мущоыирон асосан аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон меоянд.

Харҷи беҳудаи пул?!

Вале коршиносони тоҷику рус ин пешниҳодро гуногун арзёбӣ мекунанд.  Бархе бар он назаранд, ки тасмими чунин кор дар айни замон ғайриимкон аст ва дар ояндаи наздик даст кашидани Маскав аз истифодаи муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо номумкин аст. Вале бархеи дигар чунин тасмимро имконпазир мешуморанд ва мегӯянд, ки муҳоҷирони тоҷик бояд аллакай дар фикри бозори дигаре бошанд.

Иқтисодшиносон мегӯянд, чунин тадбирҳо сармоягузориҳои ҷиддии молиро талаб мекунад. Чун пеш аз ҳама Маскав маҷбур мешавад, ки маоши бинокоронро зиёд кунад, инчунин барои харидани таҷҳизоти ҳозиразамон маблағи зиёд сарф кунад. Онҳо мегӯянд, чунин чораҳо метавонанд муносибати манфиро нисбат ба коргарони хориҷӣ коҳиш диҳанд.

Мутахассисони рус низ дар мавриди даст кашидан аз кори муҳоҷирон ва зарурати таҳияи барномаҳои ассимилятсияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки  президенти Русия Владимир Путин изҳори назар карда буд, мухолиф ҳастанд ва мегӯянд, ки дар ояндаи наздик меҳнати муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия аҳамияти худро идома медиҳад ва дар муддати кӯтоҳ иваз кардани онҳо бо русҳо имконнопазир аст.

“Агар маош зиёд шавад, на ҳама русҳо барои рафтан ба сохтмонҳо омода хоҳанд буд. Маскав як шаҳри идорӣ аст ва сохтмон бо меҳнати доимии ҷисмонӣ алоқаманд аст. Ғайр аз ин дар пойтахт барои ба чунин корҳо ҷалб намудани русҳо як барномаи босалоҳият ва босифат тартиб додан лозим аст”, – иброз намуд иқтисодшиноси рус Алексей Коренев дар суҳбат бо “Lenta.ru”

Бахтовар Ҷумъаев ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бар он аст, ки Русия аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонад. Ба андешаи ӯ, агар ин кишвар хоҳад қувваи кории дохиларо ба кор ҷалб намояд, бояд маошро дучанд баланд бардорад, ки он ба нархи фурӯши хонаҳо низ таъсир расонад ва боиси вазъи буҳронӣ дар Русия гардад.

– Чунин ба роҳ мондани вазъ барои корфармо зарари калон мерасонад. Онҳо расман кор кардан мехоҳанд. Ҳамаи он биноҳое, ки сохта мешаванд, агар худро маҷбур ҳам кунанд, нархҳояшон дучанд мегардад ва бозори хонафурӯшӣ ба буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ мешавад. Боз ҳам маҷбур мешаванд, ки роҳи муҳоҷиронро боз кунанд. Зеро он шароитҳое, ки дар ин сохтмон аст, коргарони маҳаллӣ кор кардан намехоҳанд, чун шароитҳо ба стандартҳо ҷавобгӯ нестанд. Барои ин ҳам коргарони маҳалли рус дар ин шароит кор намекунад,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

“Русия ҳамеша пойбанди муҳоҷирон нест”

Вале иқтисодшинос Абдурақиб Қодиров бар он аст, ки бо назардошти он ки баъзе чораҳо барои афзоиши аҳолии Русия ба роҳ монда мешавад, табиист, ки дер ё зуд ин кишвар бозори дохилиашро бо неруи кории худ  таъмин хоҳад кард. Ба андешаи ӯ, муҳоҷирон ин як чораи муваққатӣ ҳастанд, чун Русия ба таври ҳамешагӣ аз муҳоҷират вобаста шуда наметавонад.

“Дар баробари манфиатҳои иқтисодӣ баъзе зиёнҳои иҷтимоӣ низ дорад, вале масъалаи таъминоти эҳтиёҷи дохилӣ дар авлавият қарор мегирад. Шояд ин лоиҳа дар як сол амалӣ нашавад, вале дар ояндаи наздик ин чиз имконпазир аст. Гарчанде қувваи кории дохилии Русия ба корҳои сиёҳ даст намезананд, вале мардуми маҳаллие, ки дар соҳаи сохтмон ҳастанд, агар музди меҳнати муносиб пешниҳод шавад, метавонанд ҷойҳои кории иттилоотиро ба кадрҳои дохилӣ таъмин кунанд ва эҳтиёҷ ба муҳоҷирони меҳнатӣ боқӣ намемонад. Аслан ин нақшаи пешгирифташуда дар Маскав, Санкт Петербург ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия имкон дорад, чун аз ҷониби корфармо ба коргар маблағ зиёдтар пешниҳод карда мешавад ва онҳо розӣ мешаванд”,-иброз намуд коршинос

Муҳоҷирон фикри бозорҳои дигарро кунанд

Ба андешаи соҳибназарон, ба ин восита Русия мехоҳад аз муҳоҷирон ба куллӣ даст кашад ва қувваи дохилии худро ба кор ҷалб намоянд. Яке аз омилҳои чунин тасмимиро онҳо ба он рабт медиҳанд, ки чанд вақти охир муноқишаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар афзиош ёфтааст.

Бобоҷони Шафеъ коршиноси тоҷик мегӯяд, Русия ба ин монанд тасмимҳоро борҳо пешниҳод кардааст, вале то ба ҳол онҳо дар амал татбиқ нашудаанд. Ба гуфтаи ин коршинос, чунин пешниҳодҳо боз ҳам идома хоҳанд кард.

“Русия як кишвари паҳновар аст ва вобаста ба ҳудуд рушди ҷамъиятии номутаносиб дорад. Албатта, ҳукумат ҳоло мехоҳад дар навбати аввал сокинону шаҳрвандони худашро бо ҷойи кор таъмин намояд. Бахусус дар деҳоти дурдасти Русия сафи бекорон зиёданд. Шояд ин барномаест, ки онҳоро ба шаҳр кашад ва ин гуна қувваҳои корӣ танҳо дар сохтмон кор карда метавонанд. Ҳар кишвар албатта аввалтар аз ҳама ғами шаҳрвандони худро мехӯрад”,-мегӯяд коршинос Бобоҷони Шафеъ.

Дар кишвари Русия ба таври маъмул сол аз сол қоидаву қавонин ва маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад, вале ба ин нигоҳ накарда, то ҳол муҳоҷирини корӣ талоши ба Русия рафтанро мекунанд.

– Ин аст, ки дар Русия қонунҳои муҳоҷират аз сол ба соли дигар мушкилтар мешаванд, то фишоре бошад, ки камтар ворид шаванд. Вале дар миён боз муоҳадаҳои байнидавлатӣ ҳастанд, ки ин ҳамаро танзим мекунанд. Гумонам барномаи пешниҳодшуда ҳаминсолаву соли оянда нестанд, балки барномаи дурудароз аст. Муҳоҷирон ҳоло хеле солҳо дар Русия боқӣ мемонанд”,-илова намуд коршинос.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли амалӣ шудани нақшаҳои гирифтаи Русия, муҳоҷирони мо бояд аллакай дар фикри бозорҳои дигар бошанд. Чун хоҳ нохоҳ Русия кишвари соҳибистиқлол аст ва талош мекунад, ки бозори дохилии худро аз нигоҳи таъминот бо неруи корӣ пурра таъмин гардонад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар низ бояд нақшаҳое дар ин маврид роҳандозӣ гардад, то ин ки малакаи касбии муҳоҷирон баландтар бардошта шавад ва онҳо барои бозори мувофиқ дар кишварҳои Аврупо бо ҷойҳои хуби корӣ муҳайё шаванд.

Фарзонаи Умаралӣ

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ “Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь