Раҳбари ҷиноҳи «Русияи одил – барои ҳақиқат» Сергей Миронов изҳор дошт, ки вакилон лоиҳаи қонун дар бораи ҷорӣ кардани боҷи давлатӣ барои интиқоли маблағҳои муҳоҷиронро омода мекунанд. Ташаббуси дахлдор ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

“Мо бояд барои интиқоли пули муҳоҷирон боҷи давлатӣ ҷорӣ кунем. Дар сурати ҷорӣ шудани боҷи 3-дарсадӣ, хазина аз интиқоли маблағ ба ду кишвар – Қирғизистон ва Ӯзбекистон беш аз 45 миллиард рубл ворид мешавад. Наход ба мо ин пул лозим набошад? Мо ташаббуси қонунгузориро омода карда, ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳем кард», – навиштааст Миронов дар канали Telegram.

Ба гуфтаи ӯ, то охири соли 2024 шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз Русия ба кишварҳои худ беш аз 14 миллиард доллар интиқол додаанд. Дар ҳамин ҳол, аксарияти мутлақи муҳоҷирон дар Русия андоз намесупоранд, вале дар баробари ин маблағҳои зиёдеро аз кишвар берун мебаранд.

Лоиҳаи қонун дар ояндаи наздик таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод мешавад. Қаблан дар Русия пешниҳод шуда буд, волидони муҳоҷире, ки фарзандонашон аз имтиҳон нагузаштаанд, муҷозот шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь