29-уми июли соли равон бузургдошт ва ёдбуди фарзанди фарзонаи миллат Абубакр Зубайдӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфил дӯстону шогирдони марҳум аз рӯзгори хушу хотираҳои фаромӯшнашаванда бо ин марди дарёдил ёдовар шуданд ва рӯнамоии китоби “Ҳамсози дарё” низ баргузор шуд.

Дар маҳфил Алишер Қаноатзода, яке аз шогирдони Зубайдӣ, суханронӣ карда, Ба ҳамаи ҳозирин барои ташриф ба маҳфил ва ҳурмати рӯҳи устодаш миннатдорӣ баён кард.

“Бо тарбияву дастгирии устоди азиз то ба ҳамин мартаба расидам. Ёди устоди азиз гиромӣ бод”, – гуфт Қаноатзода.

Ёдрас мебояд шуд, ки Абубакр Зубайдӣ чун яке аз чеҳраҳои шинохта, муҳаққиқ ва ромишгари беҳамто ёд мешавад. Барои ёдбуди ва поси хотир ӯ дустон ва шогирдонаш китоберо бо номи “Ҳамсози дарё” ба нашр расониданд. Китоби мазкур мақолаву ёдномаҳои дӯстону шогирдонро дар бар мегирад. Инчунин, дар китоби мазкур аксҳои хотиравии Зубайдӣ ҳамроҳи оила ва ёру рафиқонаш ҷой дода шудаанд.

Дӯстон барои меҳмонон туҳфаи дигареро низ пешкаш карданд, ки он ҳозиринро ба ёди рӯзгори гузашта бурд. Ин туҳфаи ногаҳонӣ фитаи сурудаҳои марҳум Абубакри Зубайдӣ буд, ки дӯстону шогирдон онро аз хазинаҳо ҷамъ оварда буданд.

Ҳозирин аз ин маҳфил бо хотири болида бурун шуданд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд устод имрӯз дар бари онҳо нест, аммо ёду ҳунар ва мероси адабии ӯ доим дар қалбу хотири дӯстону ҳаводорон боқӣ хоҳад монд.

Зубайдӣ ҳаводорони зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар дорад. Ҳаводорон аз кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигар, ба шогирдони Зубайдӣ занг зада, хостори дастрас кардани китоб ва фитаи сурудаҳои ӯ ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь