Шумориши оро дар интихоботи президентии Румонӣ (Руминия) ба анҷом расид. Шаҳрдори либероли Бухорест Никушор Дан дар даври дуюм пирӯз шуд.
Вай аз ҳарифаш – роҳбари ҳизби миллии «Этилоф барои иттиҳод» Георгий Симион дилпурона пеш гузашт. Бино ба хабари комиссияи доимии интихоботии Румонӣ, Дан 53,6 дарсад, Симион 46,4 дарсади овозҳоро гирифтанд.
Пас аз он, ки назархоҳиҳо пирӯзии Данро нишон доданд, Симион гуфт, ки ба ин рақамҳо эътимод надорад ва худро президети нав эълон кард, аммо пас аз эълони натоиҷи расмӣ шикасташро эътироф кард.
“Ман мехоҳам рақиби худ Никушор Данро табрик кунам. Вай дар интихобот пирӯз шуд ва ин иродаи мардуми Румонӣ буд”, гуфт Симион дар як навори фейсбукӣ ва афзуд, ки ният дорад “мубориза барои Румониро” идома диҳад.
Блоки рекламавӣ