Журналист Рухшона Ҳакимова, модари ду фарзанди хурдсол, ки яке ҳанӯз яксола нашудааст, ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик, баъд аз эълони ҳукми Додгоҳ боздошт шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ӯро ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Додрас аз додгоҳ барои Ҳакимова 17 соли зиндон хоста буд. Ӯро ба “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд.
Ӯ дар замони тафтиши парванда бо сабаби фарзанди хурдсол доштан дар озодӣ буд, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Вакили мудофеи Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал ба РО гуфтааст, ки баъд аз эълони ҳукм, “Рухшона Ҳакимоваро аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд”.
Блоки рекламавӣ