2-юми майи соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мототсикл (скутер), Тамчиев Равшан Абдухолиқович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда ба автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла Версо”, таҳти идораи Раҳмонқулов Шодимурод Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Шаҳритус, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Тамчиев Р.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

3-юми майи соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” Фазлоншоев Киноншоҳ Собирович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Маҳмудов Рустам, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш кардааст, ки дар натиҷа номбурда ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь