Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ядаки тракторро дар ақиби нақлиёти худ васл карда, воситаи нақлиётро меронад. Ин ҳолат боиси баҳси истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, аз мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ дархост карда шудааст, ки нисбат ба ронандаи дар навор инъикосгардида чораандешӣ карда шавад.

Дарҳол аз ҷониби роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ин ҳолат пайгирӣ карда шуда, ронандаи мазкур муайян ва ба шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Восеъ дастрас карда шуд. Муайян гардид, ки ин ронанда Паҳлавонов Амирҷон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ буда, 3-юми октябри соли равон мехост аз заминҳои хоҷагиаш бо воситаи нақлиёти сабукрав ва ядаки трактор пахтаҳои хоҷагиашро ба корхонаи пахтатозакунӣ интиқол диҳад ва ин ҳолат ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.

Оид ба ин ҳолат нисбати ронандаи болозикр тибқи талаботи моддаи 322 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон ронандаи мазкур огоҳонида шуд, ки минбаъд ба чунин қоидашинакӣ роҳ надиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here