Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон тариқи гузаргоҳи вилояти Хатлон ба ин кишвар 5 ҳазору 760 воситаи нақлиёт рафтуомад карданд, гуфт сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Маҳамадиев зимни нишасти хабарӣ.
Ӯ қайд кард, вақте бо ронандагону соҳибкорон сӯҳбат кардааст, онҳо гуфтаанд, ки пеш аз сари қудрат омадани Толибон аз ҳар воситаи нақлиёт 250 долари ИМА хокпулӣ, яъне фонди роҳ гуфта, мегирифтанд.
– Ҳоло ин маблағ дигар аз ронандагон гирифта намешавад, – афзуд Зафар Маҳмадиев.
Дар идома ӯ гуфт:
– Мо ва дигар ниҳодҳо бо Толибон дар гуфтушунид ҳастем ва ҳар рӯз аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён бештар 40 воситаи нақлиёт рафту омад мекунанд.
Ба иттилои манбаъ танҳо рӯзи 8 феврали соли ҷорӣ тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён аз вилоят ба Афғонистон 42 мошин семент содирот шудааст.
– Аз вилояти Хатлон ба Афғонистон ангишт, тухм, ангур ва дигар маҳсулот низ содирот мешавад, – қайд кард Маҳмадиев.