Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар роҳпаймоӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои расида аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар ин роҳпаймоӣ бештар аз 30 ҳазор нафар кормандони касбу кори гуногун, аҳли Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, кормандони соҳаи кишоварзӣ ва мутахассисони ин ниҳоди деҳқонӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аҳли бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, соҳаи энергетика ва саноат, нақлиёт ва комуникатсия ва дигар самту соҳаҳои шаҳру вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Дар роҳпаймоии идонаи сокинони вилояти Хатлон дастовардҳои се даҳсолаи охири рушди давлатдории миллӣ, нишондодҳои солҳои соҳибихтиёрӣ, комёбиву пешрафти соҳаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирокчиёни гузашти идона ва тамоми сокинони вилоятро бо рӯзи фаромӯшнопазири миллат, рӯзи ба даст овардани озодиву соҳибихтиёри милливу давлатӣ муборакбод кард.
Зикр шуд, ки сокинони вилояти Хатлон давоми ин солҳои озодӣ бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ба натиҷаҳои намоёни ҳама самтҳо ноил шуданд.
Чунин роҳпаймоӣ бо иштироки зиёди кормандони ташкилоту идораҳои дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор шуд.