Дар толори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ибтикори гурӯҳи эҷодии “Мурувват” ба ифтихори 95-умин солгарди рӯзномаи “Овози тоҷик” суҳбати мизи гирд баргузор гардид. Ба ин суҳбат олимону донишмандон, устодони донишгоҳҳо, кормандони сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Эрон, журналистон, ҳунармандон, донишҷӯён, фарзандони сардабирони собиқ ва кормандони ин рӯзнома даъват шуданд.

Сардабири “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов  гуфт, ки ин рӯзнома 25 августи соли 1924 бори нахуст дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст. Баъд идораи он ба шаҳри Тошканд кӯчид ва тайи 95 сол мешавад, ки  он ба номҳои гуногун интишор ёфт. Аз соли 1991 ба номи аввалаи худ-“Овози тоҷик” нашр мегардад. Ин рӯзнома нашрияи муштараки Парлумон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

– Устоди бузургвор Садриддин  Айнӣ аз аввалин таъсисгарони рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошанд. Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров низ дар пешрафти ин рӯзнома нақши муассир бозидааст. Ба рӯзнома солҳои зиёд як гурӯҳ фидоиёни миллату Ватан сардабирӣ кардаанд, мухбирони он бо маводи гуногуну ҷолиб саҳифаҳои “Овози тоҷик”-ро рангин намудаанд. Бешак, заҳмати онҳо барои ҳамеша вирди забон боқӣ хоҳад монд,-гуфт Шерпӯлод Вакилов.

Вай тазаккур дод, ки дар айни ҳол низ аз кормандони рӯзнома талош ба харҷ медиҳанд, ки муштариён аз маводи пурмуҳтаво ва ҷолиб бархурдор бошанд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ин рӯзномаро таҷассумгари розу ниёз ва орзуву ормонҳои мардуми тоҷик дар ин муддати мадид арзёбӣ кард.

-“Овози тоҷик” дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз мактабҳои бонуфузи журналистика шумурда мешавад. Он дар мактаби худ барои ҳар ду кишвар шогирдони зиёд тарбия намудаву ба камол расонидааст. Ҳувайдост, ки мавқеи рӯзнома дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз пеш мустаҳкам мегардад. Умедворам, ки “Овози тоҷик” минбаъд низ бо матолиби хубу гуворо муштариёни худро шод мегардонад, ҳамчунин дар таҳкими робитаҳои миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми арзандаашро мегузорад,-изҳор кард ҷаноби Имомӣ.

– Фикр мекунам, ки 95 сол муддати хеле тӯлонист ва тайи ин муддат дастандаркорони “Овози тоҷик” вазифаи пурмасъулияту муҳим ва душвореро бар дӯш доштаанд. Онҳо ҳамеша ба мардум нури маърифату зиё пахш менамуданд. Ин рӯзнома ғайр аз он ки тарғибгари забони ноби форсии тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ҳамзамон васлгари ҳамаи қавмҳои форсигӯи минтақаи Осиёи Марказӣ низ ҳаст. Саъй бояд кард, ки он садсолаҳои дигар интишор ёбад ва дар тарғиби забону фарҳанг мондагор хидмат кунад,-гуфт намояндаи сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон Муртазо Боқирӣ.

Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабеки Мурод, Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Раъно Шарипова, сардабири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, сардабири рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” Фармон Тошев аз тариқи навори видеоӣ 95-солагии рӯзномаро барои тамоми мардуми тоҷиктабори Ӯзбекистон шодбош гуфтанд. Ба гуфтаи устод Ҷӯрабеки Мурод “Овози тоҷик” рӯзномаест, ки онро тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ ва берун аз он дӯст медоранду мехонанд.

– Ман намояндагони санъати волои ӯзбек – Комилҷон Отаниёзов, Ҷӯрахон Султонов, Фахриддин Умаров, Таваккал Қодиров, Неъматҷон Қулабдуллоев, Мукаррама Турғунбоева, Ҳалима Носирова, Барно Исҳоқова, Галия Измайлова ва дигаронро барои худ устод хондаам ва аз онҳо дуо гирифтаам. Мисли ҳамин дар рӯзномаи “Овози тоҷик” шахсиятҳое кор кардаанд, ки барои журналистони ду кишвар ҳақи устодӣ доранд. Номи онҳо дар байни мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷовидонӣ хоҳад монд,-гуфт тавассути ин навори видеоӣ Ҷӯрабеки Мурод.

Дар суҳбати мизи гирд ноиби декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Юсуф Ҳамдам таърихи матбуоти тоҷикии Ӯзбекистонро барои ҳозирин андак варақгардон намуд. Вай гуфт, ки туфайли ба хотир овардани ин мавзӯъ рӯҳи он устодонеро шод хоҳад кард, ки бевосита дар рӯзномаи “Овози тоҷик” машғули кор буданд.

– “Овози тоҷик”-ро ман ба ҷаҳоннамое қиёс мекунам, ки тоҷикони ҷумҳурии мо аз саҳифаҳои он матолиби марбут ба илму фарҳанг, шеъру адаб ва гузоришҳои мухталиф дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро  низ мехонанд. Ғайр аз ин, як идда шахсиятҳое дар ин рӯзнома кор кардаанд, ки   маҳз дастпарварони донишгоҳи мо мебошанд ва дар рушди журналистикаи муосири тоҷику ӯзбек низ нақши муассир бозидаанд. Ҳоло шогирдони зиёди мо дар шаҳрҳои Тирмизу Самарқанд, Бухорову Хуҷанд ба ҳайси хабарнигори матбуоти даврӣ, садову симо, нашрияҳои интернетӣ фаъолият мекунанд,-иброз намуд Юсуф Ҳамдам.

Писари Абдулло Ҳакимов, собиқ сардабири рӯзнома, Зафар Ҳакимов ба иштирокчиёни мизи гирд гуфт, ки маҳз ба василаи ин рӯзнома бо адибони барҷастаи тоҷику ӯзбек Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Мақсуд Шайхзода, Ғафур Ғулом ва намояндагони дигари адабу фарҳанги ду халқ ошноӣ пайдо кардааст.

– Шӯхиву базлагӯиҳо ва шеъру ғазалхониҳои ин адибонро дида, хурду калон  лаззат мебурданд. Воқеъан, рӯзнома даргоҳи мӯътабарест, ки адибон ва журналистони зиёдро гирдиҳам овардааст ва як идда ҷавонон дар риштаи рӯзноманигорӣ омӯзишу парвариш додааст,-изҳор намуд Зафар Ҳакимов.

Ба гуфтаи ноиби раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Шӯҳрат Рӯзиев аз фаъолияти кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” ба ҳайси талқинкунандаи маърифат ёдгориҳои зиёд ба мерос боқӣ мондааст. Вай изофа намуд, ки ин рӯзнома дар маҷмӯъ инъикосгари таъриху фарҳанги ду халқи бародар мебошад. Баъд Шӯҳрат Рӯзиев аҳли қалами рӯзномаро ба муносибати 95-солагии таъсиси он табрик кард ва ба сардабир Шерпӯлод Вакилов “Ифтихорнома”-и Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистонро супурд.

– Ин суҳбати мизи гирд дар арафаи ҳамоиши сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ин нукта низ маънои рамзӣ дорад. Вақте ки байни ин кишварҳо ҳамкориҳо ривоҷ меёбанд, дӯстиву рафоқат беш аз пеш мустаҳкам мешавад, амнияту субот таъмин мегардад, чунин фазо барои журналистон илҳоми тоза мебахшад. Дар ин росто хидматҳои бузурги  “Овози тоҷик”-ро намешавад нодида гирифт,-гуфт корманди собиқадори рӯзномаи “Тошкент оқшоми” Солеҳ Ёқубов.

Вай тазаккур дод, ки ин рӯзнома дар сафи пеши нашрияҳои Ӯзбекистон қарор дорад ва нашри он метавонад боиси ифтихори ҳар як тоҷиктабори ин кишвар бошад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасан Қудратуллоев гуфт, ки 55 сол боз бо ин рӯзнома ҳамкорӣ мекунад. Мақолаҳои зиёдаш дар саҳифаҳои он дарҷ ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ бори аввал соли 1960 ба идораи ин рӯзнома омад. Баъди якуним моҳи ҳамкорӣ ӯро барои кор ба ҷои дигар фиристоданд.

– Қобили ёдоварист, ки чанд муддат кормандони рӯзнома дар шароити вазнин низ кор кардаанд. Онҳо ҳамеша фидоиёни кори худ буданд. Раҳматҷон Норов, Шавкат Ниёзӣ, Мӯҳсин Умарзода, Ҷонибеки Қувноқ аз зумраи ҳамон фидоиён маҳсуб меёбанд, ки дар ҳар гуна шароиту вазъият барои пешрафти кори рӯзнома, тарғиби забону фарҳанги миллӣ заҳмати зиёд кашидаанд,-гуфт Ҳасан Қудратуллоев.

Дар ҷараёни суҳбати мизи гирд фарзандони сардабири равоншод Шавкат Ниёзӣ-Фирӯза ва Дилором Ниёзӣ, духтари корманди равоншоди рӯзнома Тоҳир Олимбоев-Нодира Олимбоева зимни суханронӣ аз он ифтихор карданд, ки падари онҳо солҳои зиёд дар ин рӯзнома босамар ва пурмаҳсул меҳнат кардаанд.

Ноиби ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов иброз намуд, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” мисли рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар ин вилоят муштариёни хеле зиёд дорад. Ҳокимияти вилоят низ талош ба харҷ медиҳад, ки сафи муштариёни онро беш аз пеш афзоиш диҳад.

– Бо истифода аз ин суҳбати мизи гирд ба ҳайати эҷодии “Овози тоҷик” “Ифтихорнома”-и ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимовро месупорам. Бовар дорам, ки минбаъд мо ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем ва саҳифаҳои рӯзнома перомуни дигаргуниҳои бузурге, ки дар вилояти Самарқанд рӯх медиҳанд, мақолву гузоришҳои ҷолиб нашр хоҳад шуд,-гуфт Рустам Қобилов.

Ин чорабинии фарҳангиро Ҳунарманди шойистаи Ӯзбекистон Ҳуррият Исроилова бо сурудҳои ҷаззоби худ шукӯҳ ва ҳусни тоза эъто намуд.

Яке аз таъсисгарони мизи гирд Элмира Зайниддинова мебошад. Вай баъди анҷоми ин чорабинӣ ба мухбири “Фараж” изҳор кард, ки дар матбуоти даврӣ 42 сол кор фаъолият кардааст ва ҳоло дар нафақа аст. Ба гуфтаи ӯ ба ифтихори номи модараш гурӯҳи эҷодии “Мурувват”ташкил намудааст, ки волонтёрҳои худро дорад. Элмира Зайниддинова мегӯяд, ки модараш дар синни 90 солагӣ ин дунёро тарк намуд ва ҳамаи чорабиниҳое, ки баргузор мекунад, ба ифтихори шод намудани рӯҳи модари азизаш мебошад.

– Ман ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекунам. Рӯзҳоеро паси сар намудаам, ки ҷиддан эҳсоси камбуди молӣ мекашидам. Ҳамон вақтҳо мақолаҳои зиёди маро рӯзномаи “Овози тоҷик” тарҷумаву нашр мекард ва маро аз вазъияти сахти молӣ наҷот медод. Барои ҳамин хостам, ки ба муносибати 95-солагии соли таъсиси “Овози тоҷик” ин мизи гирдро роҳандозӣ намоям. Харҷи  молии роҳандозии чорабиниро аъзои гурӯҳи эҷодии “Мурувват” бар дӯш доранд,-мегӯяд Элмира Зайниддинова.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь