Ҳамроҳ Салимов солҳои зиёд раиси Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт ва сипас дар вазифаи муовини директори «Телевизиони Тоҷикистон» кори худро идома додааст. Аз моҳи апрели соли 2019 то вопасин дами ҳаёт муовини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» буд, ки дирӯз дар сини 60-солагӣ аз олам дар гузашт.

Ҳамроҳ Салимов дар гузашта масъулияти роҳбарии Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлонро ба зимма дошт ва ҳамчун журналисти соҳибному дорои мактаби хоси эҷодӣ буд.

Салимов Ҳамро Файзуллоевич 12 сентябри соли 1962 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети филалогияи тоҷик буд. Фаъолияти кориашро аз солҳои донишҷӯӣ дар мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Комсомолобод оғоз намудааст.

Марҳум инсони хоксору меҳрубон буд ва ҳамеша барои рушди журналистикаи тоҷик талош мекард.

МТЖТ аз даргузашти ӯ андӯҳгин буда ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here