Соли 2019-ум панҷ омӯзгор ва як декани Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дастгир шудаанд.

Ин нуктаро, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, ноиби ректори ин донишгоҳ Қудратулло Абдураҳимов расонаӣ кард. Иттилоъ дода шуд, 5 нафар омӯзгор, ки даст ба амалҳои коррупсионӣ задаанд, ҷазо гирифта, аз сафи омӯзгорони донишгоҳ хориҷ шудаанд.

– Нисбати декане, ки бо ришва дастгир шудааст, парванда оғоз шудаву тафтишот  идома дорад, – илова кард ӯ.

Ректори навтаъини донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин низ аз ин амали омӯзгорон изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки даст ба амалҳои коррупсионӣ задани омӯзгорон  нуфузи омӯзгорро  паст хоҳад кард.

– Баҳри пешгирӣ аз даст задани омӯзгорон ба амалҳои коррупсионӣ тамоми чораҳо андешида шудааст, – илова кард ректор.

Дар сомонаи рӯзномаи “Хатлон” зикр шудаст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав Маҳмадятим Гулов бо 8 ҳазор сомонӣ, Олима Ҳакимова бо 5 ҳазор сомонӣ ва 6-уми январи соли 2020 Раҳматулло Аминов бо 5 ҳазор сомонӣ гирифтани пора дастгир шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь