18-уми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар сатҳи раёсати вазоратҳои корҳои хориҷӣ нахустин музокироти Русияву Амрико пас аз оғози ҷанг дар Укроин баргузор шуд.
Ин вохӯрӣ бо танаффуси 15-дақиқаӣ ва хӯроки нисфирузӣ қариб 5 соат давом кард. Ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷониба ва рафъи муноқишаи Русияву Укроинро баррасӣ карданд. Дар пайи музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шумораи сафоратхонаҳо дар Маскав ва Вашингтон барқарор шаванд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Fox News, Русия ва Амрико тарҳи семарҳилаии сулҳро барои поён додан ба ҷанги Русияву Укроин пешниҳод кардаанд: аввал оташбас, баъдан интихобот дар Укроин ва баъд аз он тавофуқи ниҳоӣ ба имзо мерасад.
Ба гузориши Интерфакс, ҷониби Русияро дар ин нишаст Сергей Лавров, вазири умури хориҷа, Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳур ва раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев намояндагӣ карданд.
Ба ҳайати ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири амнияти миллӣ Майк Волтз ва фиристодаи вижаи президент дар умури Ховари Миёна Стивен Виткофф шомил буданд.
Намояндагони Укроин ва кишварҳои аврупоӣ дар ин нишаст ширкат надоштанд.