Соли таҳсили гузашта аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 150 донишҷӯ бо сабабҳои гуногун аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шуданд, ки ин нисбати соли 2020-ум 50 нафар зиёд даст, гуфт ректори донишкадаи мазкур Исозода Диловаршо дар нишасти хабарӣ.

Омилҳои хориҷ шудани донишҷӯёнро ректор давомоти нокифоя, насупоридани маблағи шартнома ва дигар сабабҳо гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни хориҷшуда 7 нафар ба хизмат сафарбар шудаанд. Дар байни донишҷӯёни хориҷшуда се донишҷӯ аз хориҷ, яъне аз Афғонистон, будаанд.

– Ҳамчунин 2 нафар корманди донишкада, яке корманди рӯзнома, дигаре омӯзгор ба хизмат рафтанд, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь