Ҳангомаи варзишии ҳафтаи гузаштаро дастаи «Равшан»-и Кӯлоб кард ва дастаи маъруфи «Истиқлол»-и Душанберо аз идомаи бозиҳо дар Ҷоми Тоҷикистон-2020 маҳрум сохт.

«Равшан» дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон дар майдони худ ба дарвозаи «Истиклол» чор гол зад. Душанбегиҳо дар ҷавоб ду гол заданду халос. Голҳои задаи  Ҳасан Рустамов (дубл), Наврӯз Рустамов ва Абдураҳмон Нозимов «Равшан»-ро ба даври нифинали Ҷоми Тоҷикистон бароварданд, ки дар ин марҳила бо ғолиби ҷуфти «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» бозӣ хоҳад кард.

«Истиқлол» дар таърихи худ маротибаи аввал аст, ки дар марҳилаи чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон ноком мешавад.

Дар бозии дигар «Хатлон»-и Бохтар бо як голи ба дарвозаи «Эсхата»-и Хуҷанд задааш ба нифинал баромад. Шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев дар ин давр бо ғолиби ҷуфти «Истаравшан» – «Кӯктош» бозӣ хоҳанд кард.

Ду бозиии дигари даври чорякфинал фардо, 15-уми сентяб, баргузор хоҳанд шуд. «Локомотив-Помир» дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро қабул мекунад, «Истаравшан» дар майдони худ мизбони «Кӯктош» мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь