Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ аз кушта шудани 41 нафар бар асари даргириҳои мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон хабар дод.

«Ҳоло мо марги 41 нафарро дар натиҷаи амалҳои таҷовузкоронаи Қирғизистон таъйид карда метавонем», – гуфт ӯ имрӯз зимни як брифинг бо ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе.

Содиқ Имомӣ гуфт, омори марги 41 нафар ниҳоӣ нест ва мумкин аст бештар шавад. “Вазъи чанд нафар аз захмиён вазнин аст ва табибон барои наҷоти онҳо талош доранд,” – афзуд муовини вазири корҳои хориҷӣ.

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-17-уми сентябр рух дод ва даҳҳо нафарро аз ҳарду тараф куштаву захмӣ кард. Мақомоти Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро дар он кишвар 59 нафар гуфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь