Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба сохтмони 2 нерӯгоҳи барқии обӣ дар дарёи Зарафшон оғоз бахшиданд. Маросими пахши тугмаи бунёдии нерӯгоҳҳо дар қасри президенти Ӯзбекистон доир гардид.

Дафтари матбуотии президенти кишвар менависад, ду неругоҳро мутахассисони ҳарду кишвар бо иқтидори умумии 320 МВт месозанд.

Манбаъ менависад, маросим тариқи маҷозӣ сурат гирифта, аз сӯйи дигар, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони бахши энержии ду кишвар дар минтақаи сохтмони ин нерӯгоҳ деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

– Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Ӯзбекистон иштирок карданд, – менависад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “Азия-Плюс” аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, ин нахустин тарҳи бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ аст.

– Неругоҳи замонавии НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт дар таъмини амнияти энергетикӣ, устувории бахшҳои обу кишоварзии кишварҳои мо нақши муҳим хоҳад дошт, – менависад дафтари матбуотии Ӯзбекистон.

Арзиши тахминии НБО “Ёвон” 282 миллион доллар буда, аз он 700-800 миллион кВт/соат неруи барк тавлид мешавад.

Лоиҳа иқтидори илмию истехсолии соҳаро мустаҳкам мекунад, ҳазорҳо хона ва корхонаҳои навро бо энергияи «сабз» таъмин мекунад.

Ҳамчунин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 2020 низ ба мувофиқа расиданд, ки имкони бунёди неругоҳи барқи обӣ дар рӯди Фандарё бо арзиши тахминии 270 миллион доллар, иқтидори 135 МВт ва тавлиди 500-600 миллион кВт/соат нерӯи барқро баррасӣ кунанд.

Тобистони соли гузашта Алишер Султонов вазири энергетикаи Ӯзбекистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz гуфта буд, барои сохтмонип неругоҳҳо ҷамъияти саҳҳомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байнулмитлалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Ин неругоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард”, – илова карда буд Алишер Султонов.

Ёдрас мешавем, ки моҳи августи соли 2018 аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Он замон зикр гардида буд, ки “ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои таҳияшудае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалии бонкҳои бузург гузаштаанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here