Рамзи ҷашнии шаҳри Саразм, ки 5500-солагии он ҷашн гирифта мешавад, аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода гардида, аз ҷониби Президенти Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи «Саразм» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст.

Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Парастиши офтоб аз ҷумлаи боварҳои ориёиён бар пирӯзии нур бар зулмот буда, мазмуни эҳёшавии Замин-модарро ифода месозад.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари  бостонию таърихӣ будани Саразм буда, аз шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь