Имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Точикистон дар бораи муайян кардани оғози моҳи шарифи Рамазони соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили марбут ба он қарор кард.

Дар қарор гуфта мешавад, мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2025 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи шанбеи 1-уми март муайян карда шавад. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 36000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 900 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофики меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 8 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 65 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2025 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 480 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Ҳамчунин, қарор шудааст, хатми Қуръони карим дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь