Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия раиси Раёсати ҷамъияти “Матлубот” дар шаҳри Кӯлоб Раҳимова Меҳринисоро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 17 ҳазор сомонӣ дастгир кардааст. Дар ин бора маркази матбуотии агентӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, Раҳимова аз шаҳрванд “А” барои соҳиб шудан ба нуқтаи савдо 27 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Раиси Раёсати “Матлубот” маротибаи аввал аз шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ гирифта, 17 ҳазори дигар талаб кардааст. Дар натиҷа, ҳангоми гирифтани мабалағи боқимонда Раҳимова Меҳиринисо аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир гардидааст.

“Нисбати Раҳимова Меҳринисо Убайдуллоевна бо моддаи 279 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид”, – хабар медиҳад маркази матбуотии агентӣ.

Дастгир шудани кормандони давлатӣ ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия моҳҳои охир зиёд ба назар мерасад. Давоми моҳи март ин севвумин ҳолати бо пора ба даст афтодани кормандони давлатӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here