Дирӯз бо фармонҳои президент Эмомалӣ Раҳмон як қатор раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шуданд.

Аз ҷумла, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Вализода Абдуқодир Исуф аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Давлатзода Зарина Дилмурод аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Шарбатулло Азизулло аз вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Аминзода Фотеҳ Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Раҳматзода Рустам Мирзо аз вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, Ҷалилзода Шералӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, Нишонзода Даврон Назаралӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, Назаршозода Лоиқ вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҷабори Қосим аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо сабаби ба нафақа баромадан Саидзода Нурмуҳаммад Хол аз вазифаи раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои дигари президент иҷрокунандаи вазифаи раисони шаҳр ноҳияҳо таъйин карда шуданд. Аз ҷумла, Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Файзиддинзода Бунафша иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Шарифзода Ҷамшед Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, Назирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, Шарифзода Маҳмадаюби Сайнимон ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон,  Нишонзода Даврон Назаралӣ ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Шомирзозода Аъзам Мирмамад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мардзода Одинашо Миршаб иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ализода Аъзам Наврӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъйин карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь