Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти кории иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят  Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Туреханов баргузор гардид.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими тиҷорати кишоварзии ду кишвар баррасӣ шуданд. Давлаталӣ Саид дар суханронии хеш ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳти сарварии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Валихон Туреханов хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои муҳими соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон сухан кард.

Сипас, сафири Қазоқистон зикр кард, дар нақша доранд, ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият  бахшида, содироти маҳсулот, аз ҷумла, пиёзу сабзӣ ва карамро афзоиш диҳанд. Тибқи иттилоъ барои татбиқи ин ҳадаф соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 миллион доллар пешпардохт кунанд. Гуфта  шуд,  ки дар ҳолати  фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 миллион доллар афзоиш ёбад.

Соҳибкорон  аз Қазоқистон  барои харидории ангури тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар  зоҳир  мекунанд  ва интизор меравад,  ки  ҳамкориҳо  дар  ин ҷода густариш ёбад.

Вилояти Хатлон метавонад дар як сол то 500000 тонна пиёз истеҳсол кунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёз аст.  Раиси вилоят  дар робита  ба  зиёд  будани талабот  ба  ин навъи  маҳсулот  муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муваззаф  кард, ки  бо  истифода  аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ  ва  ҳаҷми истеҳсолот афзун кунанд.

Пиёзе, ки дар кишвари  мо  истеҳсол мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Тибқи иттилоъ соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дода, соли  равон ин рақам ба якуним миллиард доллар расонда мешавад.

Ҳамзамон, дар ин вохӯрӣ дар самти парвариши лиму гуфта шуд, ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз маконоҳои лимупарварӣ буда, айни замон меваи лиму дар ин ноҳия фаровон мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамдигарро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфтанд. Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон бо мақсади шиносоии бештар бо иқтидори кишоварзии вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун рафтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь