Имруз бо як фармони дигари роҳбари давлат раисони ду ноҳия – Дӯстӣ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон низ аз мансаб барканор шуданд.
Сайидзода Нурмуҳаммад, раиси ноҳияи Дӯстӣ, аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишондозода Даврон ба вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ таъйин карда шудаст.
Маҳмадаюб Шарифзода ба ҷойи Нишондодзода Даврон раиси ноҳияи Носири Хусрав таъйин карда шуд.
Блоки рекламавӣ