Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Шарифӣ Бахтиёр дар нишасти матбуотии  рӯзи 16 феврали соли 2023 гуфт, ҳеч дороӣ надорад,  хона ва мошине, ки ҳаст, ҳама моли падараш мебошанд.

– Аз соле, ки дар сохтори давалтӣ фаъолият мекунам, ҳеч чиз барои худам нахаридам. Чизе, ки дорам ҳама моли падарам аст.  Хонае, ки айни замон ман зиндагӣ мекунам, хонаи падарам, мошин мошини падрам аст. Бӯстонсаро надорам, ҳатто тарзи дамгириро намедонам, зеро дар тули солҳо ягон маротиба ба осоишгоҳҳо нарафтам, – илова кард иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр.

Бояд гуфт, моҳе пеш Шарифӣ Бахтиёр иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин карда шуд, ки ӯ дар ин мансаб Саидзода Ҷамшедро иваз кард.

Шарифӣ Бахтиёр то таъйин шудан ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвон муовини вазири саноат ва технологияи навини Тоҷикистон буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь