Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед имрӯз, 16 феврал, дар нишасти хабариаш гуфт, ки соли таҳсили 2021 аз муассисаҳои таълимии ноҳия 86 омӯзгор корро тарк карда, ба муҳоҷират рафтанд.

Аммо моҳе пеш Ш. Алиев, як масъули Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон? ба “Фараж” гуфта буд, ки аз мактабҳои ноҳия 311 омӯзгор корро тарк карда, аз ин 241 нафарашjy ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтанд.

Дар нишаст мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур ҳамчунин  илова кард, ки ҳоло норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 18 нафарро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳия бошад гуфт, воқеан ҳам рафтани омӯзгорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ин мушкилӣ аст. “Онҳо бештар камии музди меҳнатро баҳона мекунанд, аммо мо омодаем, ки омӯзгоронро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем”,  – афзуд раиси ноҳияи Ёвон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь