Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом имрӯз, 30-июл, зимни нишасти хабарии мақомот гуфт, ҳоло ҳеҷ дороӣ надорад.

Раис ҳамчунин шарҳ дод, ки  ӯ як хона доштааст ва онро ҳам бо арзиши 110 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. “Ҳатто мошини шахсӣ ҳам  надорам, -гуфт ӯ ва илова кард, – аммо ният дорам, барои худам як хона бигирам.

Рӯзи 29-июли соли ҷорӣ дороии раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффорро масъулони мақомоти ноҳия танҳо як манзили истиқоматӣ гуфтанду халос.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз низ дар нишасти хабарии ниҳодаш чанд рӯз пеш гуфта буд, ки дороияш як хонаву як мошин аст. Дар идома ӯ  шарҳ дод, ҳамон мошине, ки дороиаш буд, фурӯхтааст ва ҳоло мошин ҳам надорад.

Раиси шаҳри Леваканд Давлатзода Зарина дар яке аз нишастҳои матбуотиаш оид ба дороии худ чунин гуфта буд: “Ман як хона ва як мошин дорам, дар шаҳри Левакант бошад иҷоранишинам».

Дурустии иттилои манзурнамудаи ин раисонро имкони санҷидан нашуд, аммо корбарони шабакаҳои интернетӣ дар зери хабарҳои марбут ба ин мавзуъ нобоварӣ иброз карда, мегӯянд, пас аз ба мансаб расидан дороиҳои онҳо бамаротиб меафзояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь