Имрӯз, 20 ноябр, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барканории раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзод бо сабаби ” гузаштан ба кори дигар” имзо шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои дигари худ муовинони раиси Бонки миллиро низ аз вазифа озод кард ва якеро ба ҷойи Нурмуҳаммадзода таъйин кард. Ҳоким Холиқзода ва Ҳамидулло Машрабзода аз вазифаҳои муовини раиси Бонки миллӣ озод шуданд ва аввалӣ курсии роҳбариро ишғол кард.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ин вазифа каме бештар аз панҷ сол кор кардааст. Ӯ 4 майи соли 2015 ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Қабл аз он, ӯ раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” (2013-2015), муовини раиси вилояти Суғд (2012-2013) ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2012) буд.
Ҳоким Холиқзода пештар дар «Тори-бонк» ва «Амонатбонк» кор карда, вакили Маҷлиси намояндагон низ буд. Аз 20-уми июни ҳамин сол бо фармони президент муовини раиси Бонки миллӣ таъйин шуда буд.